Қонуншиканӣ бо гувоҳиномаи сохтагӣ дар Тоҷикистон
Яке аз сокинони шаҳри Истаравшан бо гувоҳиномаи сохтагии унвони давлатӣ аз мардум маблағситонӣ мекард .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз яке аз манобеи хабарии Осиёи Марказӣ, Хусрав Бобозода, 34 сола худро ба унвони якӣ аз мақомоти Ожонси мубориза бо фасод муаррифӣ ва ҳудуди 300000 сомонӣ аз теъдоде аз шаҳрвандони ин ноҳия маблағситонӣ кард .
Шараф Аваззода-раиси намояндагии Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон дар Суғд гуфт : Бар асоси модаи 247,қисми 4 –и Қонуни ҷазоии Тоҷикистони алайҳи Хусрав Бобозода парвандаи ҷиноӣ ташкил ва ба додгоҳ ирсол шуд .
Ин аввалин бор нест, ки бархе аз сокинони Суғд ва дигар манотиқи Тоҷикистон аз унвонҳои кормандони идороти давлатӣ суистифода мекунанд.Соли 2018 Дилшод Муҳаммадови 32 сола ба далели вонамуд кардани унвони полис ва дарёфти ҳудуди 150 000 сомонӣ аз бастагони теъдоде аз зиндониён бо ваъдаи озодии онҳо аз зиндон дар додгоҳи Хуҷанд ба 9 сол зиндон маҳкум шуд.