Август 07, 2021 13:54 Asia/Dushanbe
  • Интиқоли осебдидагон аз суқути болгард ва тарма аз Бадахшон ба Душанбе

Бо як фарванд болгарди Ми 8 Идораи марзбонии Тоҷикистон 10 нафар аз осебдидагон аз ду ҳодисаи суқути тарма ва чархболи ноҳияи Ванҷи вилояти Бадахшон ба Душанбе мунтақил шуданд.

Ба нақл аз Тоҷвик, дар ин парвоз 6 куҳнаварди русӣ, 2 хадамаи болгарди суқуткарда ва ду корманди ширкати ҷаҳонгардии Бадахшон ба Душанбе мунтақил ва дар бемористон бистарӣ шудаанд.

Акнун талошҳо барои ёфтани ҷасади халабони болгарди суқуткардаи нерӯи марзбонии Тоҷикистони дар иртифооти 5 ҳазор метрӣ бар рӯй пиряхи Хирсон дар водии Абдулқаҳҳори ноҳияи Ванҷ идома дорад.

То ба ҳол хабаре аз сарнавишти як кӯҳнаварди русӣ, ки бар асари суқути тарма нопадид шудааст, дар даст нест.

Дар паи суқути тарма ва нопадид шудани ин гардишгари русӣ болгарди нерӯи марзбонии Тоҷикистон барои наҷоти ин афрод ба минтақа эъзом шуд, ки ҳангоми фуруд дучори ҳодиса гардид ва аз 5 хадамаи он халабон ҷони худро аз даст дода ва бақия ба шиддат захмӣ шудаанд.

 

Барчасп