Низомиёни тоҷик дар размоиши СПАД ширкат мекунанд
Низомиёни тоҷик дар қолиби нерӯиҳои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар размоиши муштараки ин ниҳоди амниятии минтақаӣ, ки дар моҳи ноябри соли ҷорӣ двр Қазони маркази ҷумҳурии Тотористони Русия бургузор мегардад, ширкат хоҳанд кард.
Ба гузориши сомонаи Ҳавзаи марказии низомии Русия, дар ин размоиш таҳти унвони “Бародарӣ 2021” воҳидҳои размии артишҳои Арманистон, Тоҷикистон, Белорус, Русия, Қазоқистон ва Қирғизистон ширкат хоҳанд кард.
Ба манзури баррасии макони баргузории ин размоиши низомӣ, гурӯҳҳои кории ин кишварҳо бо сафар ба ҷумҳурии Тотористон дар бораи теъдоди нерӯҳо, таркиб ва таслиҳоту таҷҳизоти ширкаткунанда дар ин размоиши низомӣ ба тавофуқ расиданд.
Гуфта мешавад, ки Русия эълом кардааст, барои ин размоиш болгардҳои М8 ва М24, ҷангандҳои Су 24 ва 34 ва таҷҳизоти зиреҳӣ эъзом хоҳад кард.
Ин размоиши низомӣ бо мурооти тавсияҳои беҳдоштӣ ба манзури ҷилавгирӣ аз густарши вируси корона баргузор мегардад. Ин дар ҳоле аст, ки имрӯзҳо дар наздикии марзи Тоҷикистону Афғонистон размоиши низомии нерӯҳои мусаллаҳи Узбекистон, Тоҷикистон ва Русия ба манзури муқобила бо таҳаррукоти гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон идома дорад.