Август 08, 2021 11:30 Asia/Dushanbe
  • Кумаки молии давлати Тоҷикистон ба хонаводаҳои осебдида аз бемории корона

Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълом кард:Имсол 165 ҳазор хонаводаи осебдида аз корона кумаки молии фаврӣ дарёфт хоҳанд кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз вазорати тандурустии Тоҷикистон дар баёнияи вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои Тоҷикистон омадааст: Ин дувумин тавофуқнома дар бораи таъмини молӣ дар тарҳи изтирории Ковид - 19 аз тарафи Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ аст, ки мақомоти тоҷик онро иҷро хоҳанд кард.
Бар асоси ин тасмим дар моҳи август 84 ҳазор хонаводаи осебпазир, ки кӯдакони зери 7 сол доранд, кумаки молии изтирорӣ дарёфт хоҳанд кард .
Ҳамчунин дар идомаи иҷрои ин тарҳ дар моҳҳои сентябр ва октябр ҳам ба 56  ҳазор хонаводаи ниёзманд, ки кӯдакони 7 то 16 сол доранд, кумаки молӣ пардохт мешавад .
Мақомоти вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфтанд: Дар моҳҳои ноябру декабр низ 25 ҳазор хонаводаи дигар, ки фарзандони маъюби зери 18 сол доранд аз ин кумаки молӣ баҳраманд хоҳанд шуд.
Соли гузашта дар қолаби аввалин тавофуқномаи мақомоти Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ ба ҳудуди 70 ҳазор хонавода, ки кӯдакони зери 3 сол доштанд кумаки молӣ пардохт шуд.
Бонки ҷаҳонӣ дар моҳи феврал дар қолаби тарҳи изтирории Ковид – 19, 12 миллиону 570 ҳазор доллар кумаки нақдӣ ва 8 миллиону 630 ҳазор доллар барои таъмини ваксина ба Тоҷикистон кумак кардааст.



Бештар бихонед :

 

Барчасп