Август 10, 2021 17:22 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши автобусҳои даруншаҳрии Хуҷанд ба далели набуд сӯзишворӣ

Фаъолияти автобусҳои даруншаҳрии Хуҷанд ба далели надоштани сӯхт коҳиш ёфтааст.

Ба гузориши сомонаи Спутник, мақомоти нақлиётии шаҳри Хуҷанд эълом карданд, пеш аз камбуди сӯхт 100 автобуси даруншаҳрӣ дар Хуҷанд мусофиронро ҷобаҷо мекард, аммо акнӯн аз ин теъдод фақат 10 автобус дар шаҳр мусофиронро ҷоба ҷо мекунад.

Абдуҷалил Бобоҷонов, роҳбари тадбиқи лоиҳаи "Рушди нақлиёти ҷамъиятӣ" и КВД “Нақлиёти мусофиркашон” и Хуҷанд мегӯяд, қимати 1 литр сӯзишвории дизелӣ ба 9 сомониву 30 дирам расидааст.

Ӯ афзуд, ширкатҳои таъминкунандаи сӯхт низ ҳазинаҳои худро нақд дарёфт мекунанд ва ин равиш бо тавваҷуҳ ба афзоиши қимати салярка барои идораи ҳамлу нақли Хуҷанд қобили иҷро нест.

Бобоҷонов изҳор кард, афзоиши қимати сӯхт ва таъмир, нигаҳдории автобусҳо низ сабаб шуда, ки пардохти ҳуқуқи ронандагон ғайримумкин шавад.

Ин дар ҳоле аст, ки 3 сол қабл ширкати “Нақлиёти мусофиркашон” и Хуҷанд аз Бонки Рушд ва бозсозии Аврупо 26 миллиондоллар  қарз дарёфт кард, ки 8 миллиондлллари он кумаки ройгон буд ва то ба ҳол 4 миллиону 300 ҳазор доллари он низ бозпардохт шудааст.

 

Барчасп