Август 11, 2021 17:05 Asia/Dushanbe
  • Гуфтугӯи видеоконфронсии мақомоти Тоҷикистон бо Чин

Вазири нақлиёти Тоҷикистон бо муовини раиси минтақаи Син Кёнги Чин маҷозӣ гуфтугӯ кард.

Ба гузориши сомонаи “Азия плюс”, фаъолияти посгоҳ ва гузаргоҳи Қулма дар ноҳияи марзии Тоҷикистон ва Чин дар ин гуфтугӯ баррасӣ шуд.

Дар гуфтугӯи Азим Иброҳим бо Чанг Ви Ҷон ишора шуд, ки гузаргоҳи марзии Қулма аз соати 7 ба вақти Душанбе (10 ба вақти Пекин) боз мешавад ва ҳар рӯз ҳудуди 32 камаз аз ин марз тараддуд мекунанд.

Вазири нақлиёти Тоҷикистон ҳамчунин гуфт: Аз оғози имсол то кунун 36 ҳазору 831 тон бор аз гузаргоҳи Қулма содир ва ворид шудааст, ки 17 дарсад нисбат ба муддати мушобеҳи соли қабл бештар аст.

Ҳамчунин Азим Иброҳим дар гуфтугӯ ба тарафи чинӣ пешниҳод кард, бори дигар равиши пешниҳодии Тоҷикистонро барои ҳамлунақли контейнерии маҳсулот аз гузаргоҳи Қулма баррасӣ кунад.

Мақоми чинӣ ҳам қавли мусоид дод, ки ин пешниҳодро дар зудтарин фурсат баррасӣ кунад.

 

 

 

Барчасп