Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон : Полиси байналмиллал Ашрафғаниро боздошт кунад
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i72254-Сафири_Афғонистон_дар_Тоҷикистон_Полиси_байналмиллал_Ашрафғаниро_боздошт_кунад
Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон гуфт : Раиси ҷумҳур ба ҳамроҳи чанд тан аз мақомоти собиқи Афғонистон бояд дар додгоҳи байналмиллалӣ муҳокима шаванд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Август 19, 2021 18:05 Asia/Dushanbe
  • Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон : Полиси байналмиллал Ашрафғаниро боздошт кунад

Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон гуфт : Раиси ҷумҳур ба ҳамроҳи чанд тан аз мақомоти собиқи Афғонистон бояд дар додгоҳи байналмиллалӣ муҳокима шаванд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Қатра ، Муҳаммадзоҳир Ағбар гуфт : Полиси байналмиллал бояд Ашрафғанӣ-раиси ҷумҳӯри пешин, Ҳамидуллоҳ Муҳиб-мушовири пешини амнияти миллӣ ва Фазлмаҳмуди Фазлӣ-раиси дафтари раиси ҷумҳӯри ин кишварро ба иттиҳоми дуздии байтулмол боздошт кунад.
Ба гуфтаи ӯ ин 3 нафар бояд сарватеро, ки аз Афғонистон дуздӣ кардаанд ба мардуми ин кишвар бозгардонанд .
Ағбар гуфт : Бар асоси Қонӯни асосии Афғонистон дар ҳоли ҳозир Амруллоҳ Солеҳ-сарпарасти раёсати ҷумҳурӣ аст .

Аз сӯи дигар низ дар баёнияе, ки аз сӯи сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон мунташир шуда, омадааст, ки тасвири Муҳаммад Ашрафғанӣ дар ин сафорат поин кашида шудаву акси Амруллоҳ Солеҳ ба унвони сарпарасти раёсати ҷумҳурӣ дар ин сафорат насб шудааст .
Муҳаммад Ашрафғанӣ дар пайи ҳузури Толибон дар атрофи шаҳри Кобул  аз Афғонистон фирор кард .
Ба дунболи он гурӯҳи Толибон эълом кард, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз ҳарҷу марҷ нерӯҳои худро вориди Кобул карда ва арги раёсати ҷумҳуриро дар контроли худ даровардааст..