Ширкати варзишкорони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии бокси Осиё
Боксёрҳои Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии бокси Осиё ширкат мекунанд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи хабарии варзиши Тоҷикистон ин мусобиқот аз 20 то 30 август дар Дубай баргузор мешавад .
Тоҷикистон бо 21 варзишкор дар ин мусобиқот ширкат кардааст .
Носирҷон Азимов- сармураббӣ, Муҳаммадҷон Сулаймонов, Саидхоҷа Маъмуров ва Тоҳирҷон Улуғбеков- мураббӣ ва Комрон Файзов-мудири иҷроии Федерасиюни бокси Тоҷикистон варзишкоронро дар ин рақобатҳо ҳамроҳӣ мекунанд .
Ин рақобатҳо дар 48 вазн ( духтару писар ) баргузор мешавад .
Тибқи эъломи конфедерасиюни бокси Осиё, варзишкорони мутаваллиди 2003 - 2004 дар байни ҷавонон ва 2005 - 2006 дар байни навҷавонони дар ин мусобиқот ҳузур хоҳанд дошт .