Баргузории мусобиқоти бадминтон дар Хоруғ
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i72586-Баргузории_мусобиқоти_бадминтон_дар_Хоруғ
Мусобиқоти бадминтон дар Хоруғи вилояти Бадахшон баргузор шуд.
(last modified 2025-09-23T13:20:16+00:00 )
Август 26, 2021 09:23 Asia/Dushanbe
  • Баргузории мусобиқоти бадминтон дар Хоруғ

Мусобиқоти бадминтон дар Хоруғи вилояти Бадахшон баргузор шуд.

Ин мусобиқот ба муносибати фаро расидани 30-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон дар маҷмуаи варзишии Хоруғ баргузор шуд.

Юсуф Асадбеков, муовини раиси Идораи ҷавонону варзиши Бадахшон гуфт, тарвиҷи варзиш ва сабки зиндагии солиму саломати пойдор аз аҳдофи баргузории ин рақобатҳо буд.

Ӯ афзуд, дар поён тими "Хатлон" бо касби 9 имтиёз қаҳрамони мусобиқот шуд.

Асадбеков гуфт, тимҳои Бадахшон бо касби 7 имтиёз ва Суғд бо 3 имтиёз низ дувум ва сеюм шуданд.