Роҳёбии филми тоҷикӣ ба Ҷашнвораи филми кишварҳои ИДМ
Филми сохти Тоҷикистон ба Ҷашнвораи филми кишварҳои иттиҳоди Давлатҳои Мустақмил(ИДМ) роҳ ёфт.
Ба гузориши сомонаи Ховар филми синамоии «Охирин сайди Cайёд», ки бо кумаки молии Муассисаи давлатии «Тоҷики Филм» сохта шуда аст, тавонист дар дабирхонаи 30-умин Ҷашнвораи филми кишварҳои ИДМ пазируфта шавад.
Ин ҷашнвора аз 25 сентябр то 2 октябри соли 2021 Анапаи кишвари Краснодари Федератсияи Русия баргузор мешавад.
Ёдовар мешавем, ки филми ҳунарии «Охирин сайди Сайёд», ки бо коргардонии Муҳаммадрабӣ Исмоилов таҳия шудааст, дар деҳаи Вешаби ноҳияи Айнӣ ва минтақаи «Бешаи палангон» ба навор бардошта шудааст.
Муҳаммадрабӣ Исмоилов дар суҳбат бо ин сомона гуфт, ки филми мазкур ду моҳ наворбардорӣ шуда, дар он зиёда аз 40 нафар ҳунармандони касбӣ ва нақшофарон ширкат намуданд.
Вай афзуд, филм аз рӯи романи Аброр Зоҳир гирифта шуда, дар бораи шикорчие бо номи Сайёд қисса мекунад, ки дар беша ба шикор машғул шуда, бахташро меёбад. Сайёд ба ҷои сайд аз дохили об духтареро пайдо мекунад. Пас аз чанд муддати табобат духтар ба ҳуш омада, бо вай издивоҷ мекунад. Духтар аз он сӯи дарё, яъне аз Афғонистон буда, тақдири худро бо бачаи шикорчии тоҷик — Сайёд мепайвандад.