Август 26, 2021 18:58 Asia/Dushanbe
  • Гуфтугӯи телефонии президентҳои Тоҷикистон ва Фаронса

Президенти Фаронса аз Имом Алӣ Раҳмон даъват кард, ки ба Фаронса сафар кунад.

Дар ин сӯҳбати телефонӣ Эммануэл Макрон аз сатҳ ва сифати муносибатҳои Фаронса ва Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногун изҳори қаноатмандӣ карда, омодагии худро барои рушд ва таҳкими ҳамкорӣ, бахусус дар таҳкими амният дар манотиқи наздисарҳадии Тоҷикистон иброз дошт.

Ҷонибҳо ҳамчунин аз вазъи Афғонистон изҳори нигаронӣ карданд.
Баррасии вазъи паноҳандагони афғон ва ҳамчунин пайомадҳои ба сари қудрат омадани Толибон дар Кобул, мавзӯъҳои дигаре буданд, ки руасои ҷумҳури Тоҷикистон ва Фаронса баррасӣ карданд.
Зимни сӯҳбати телефонӣ Эммануэл Макрон президенти Тоҷикистонро ба сафари Фаронса даъват кард.

Маълумоти бештар:

Барчасп