Август 30, 2021 12:57 Asia/Dushanbe
  • Поёни даври нави музокироти марзии Тоҷикистону Узбекистон дар Душанбе

Даври нави музокироти 5-рӯзаи мақомоти Тоҷикистону Узбекистон барои таъини хатҳои марзии ду кишвар дар Душанбе ба поён расид.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, тарафҳо дар поёни ин нишаст бо имзои ёддошти тафоҳум бар идомаи гуфтугӯҳои марзии Тоҷикистону Узбекистон таъкид карданд.
Тоҷикистон ва Узбакестон дорои 1 ҳазору 326 километр марзи муштарак мебошанд, ки ки то ба ҳол бар сари аломатгузории 1 ҳазору 319 километр иттифоқ шудааст .
Орифи Хоҷазода-раиси Кумитаи давлатии мудирияти замин ва нақшабардории Тоҷикистон мегуяд, ки танҳо бархе манотиқи кӯчак дар марз бо Узбекистон бидуни аломатгузорӣ боқӣ мондааст, ки дар хатҳои марзи муштараки ин ду кишвар бо Қирғизистон воқеъ шуда ва ниёз ба музокироти бештар дорад .
Вай муътақид аст, ки бо Узбекистон бар сари таъини хатҳои марзӣ тафоҳуми комил вуҷуд дорад ва ба наздикӣ ин мавзӯъ ниҳоӣ хоҳад шуд.
Даври баъдии музокироти тарафҳо дар Тошканд баргузор хоҳад шуд.



Бештар бихонед :

 

Барчасп