Август 31, 2021 16:27 Asia/Dushanbe
  • Ирсоли 500 ҳазор доза воксани корона аз Чин ба Тоҷикистон

Вазорати беҳдошти Тоҷикистон аз дарёфти 500 ҳазор доза воксани «КоронаВак» - и чинӣ хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории «Форс», пеш аз ин ҳам Чин беш аз 2 миллион доза воксани коронаи тавлиди ширкати «СиноВак» - ро ба сурати ройгон дар ихтиёри Тоҷикистон қарор дода буд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон дар гузорише эълом кард, то оғози даҳаи дувуми моҳи август беш аз як миллиону 891 ҳазор шаҳрванд воксани коронаро дарёфт кардаанд.

Бар асоси омори Вазорати тандурустии Тоҷикистон, теъдоди мубталоён ба корона дар ин кишвар 16 ҳазору 817 нафар ва теъдоди беҳбудёфтагон ба 16 ҳазору 660 нафар расидааст.

 

Бештар бихонед:

 

 

 

 

Барчасп