Арабистон - омили ихтилофи назари Русия ва Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i7300-Арабистон_омили_ихтилофи_назари_Русия_ва_Тоҷикистон
Рӯзноманигор ва коршиноси тоҷик Арабистони Саудиро омили ихтилофи назари Русия ва Тоҷикистон бар сари парвози ҳавопаймоҳои мусофирбар миёни ин ду кишвар донист.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Ноябр 05, 2016 08:24 Asia/Dushanbe
  • Арабистон - омили ихтилофи назари Русия ва Тоҷикистон

Рӯзноманигор ва коршиноси тоҷик Арабистони Саудиро омили ихтилофи назари Русия ва Тоҷикистон бар сари парвози ҳавопаймоҳои мусофирбар миёни ин ду кишвар донист.

Ба гузориши хабаргузории “Авесто”, Аҳмад Иброҳим бо ишора ба таҳдиди Русия ба қатъи парвози ҳавопаймоҳои мусофирбар миёни ин кишвар ва Тоҷикистон гуфтааст, ин ҷанҷол ношӣ аз норизоиятии Маскав аз ҳамкории Душанбе бо Арабистон аст.

Ахиран, Вазорати ҳамлу нақли Русия дар баёнияе таҳдид кард, агар мақомоти ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон мавзӯи ҳамоҳангӣ бо Маскав дар заминаи парвози ҳавопаймоҳои мусофирбар аз фурудгоҳи ҷадиди Жуковскийро то ҳаштуми ноябри соли 2016 ҳал накунанд, иртиботи ҳавоӣ миёни ин ду кишвар қатъ хоҳад шуд. Ин коршиноси тоҷик таъкид кардааст, ки Русия қаблан ҳам дар мавридҳое дар сурати норизоиятӣ аз сиёсатҳои Тоҷикистон аз абзори фишор алайҳи ин кишвар истифода карда, ки ихроҷи муҳоҷирони кории Тоҷикистон аз ҷумлаи ин маворид аст. Аҳмад Иброҳим афзуд, Русия аз ҳамкории Тоҷикистон бо Арабистон Саудӣ, ки муттаҳиди наздики Амрикост, ба шиддат нороҳат аст.

Ин рӯзноманигори тоҷик иллати дигари афзоиши фишори Русия ба Тоҷикистон дар замина парвози ҳавопаймоҳои мусофириро идомаи буҳрони иқтисодӣ дар Русия унвон ва таъкид кард, мақомоти рус қасд доранд, бо афзоиши парвозҳои ширкатҳои русӣ ба Тоҷикистон даромади бештаре касб кунанд.