Дархости мақомоти Тоҷикистон аз шаҳрвандон барои парҳез аз ширкат дар даргириҳои гуруҳӣ дар Русия
(last modified 2021-09-02T05:35:28+00:00 )
Сентябр 02, 2021 10:35 Asia/Dushanbe
  • Дархости мақомоти Тоҷикистон аз шаҳрвандон барои парҳез аз ширкат дар даргириҳои гуруҳӣ дар Русия

Вазорати кор ва муҳоҷирати Тоҷикистон аз коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия дархост кард аз ширкат дар даргириҳои гуруҳӣ ва қавмӣ худдорӣ кунанд.

Ба гузориши сомонаи вазорати кор ва муҳоҷирати Тоҷикистон, дар ин баёния таъкид шудааст, ки дар сурати бурузи мушкил барои коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия ин афрод бояд ба намояндагии расмии ин вазоратхона дар Маскав ва идороти полиси Русия муроҷиа ва аз даргириҳои гуруҳӣ ва қамӣ худдорӣ кунанд.

Бар асоси ин баёния, ҳарнаъ мушорикат дар низои гуруҳӣ мӯҷиби ихроҷи коргарони муҳоҷир аз Русия ва мамнуъулвуруди онон ба ин кишвар хоҳад шуд.

Ин дар ҳоле аст, ки дар пайи вуқуъи чанд даргирӣ миёни коргарони муҳоҷири кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Маскав, Сергей Собянин, шаҳрдори Маскав гуфт, 200 коргари муҳоҷир дар пайи даргириҳои ахир аз Маскав ихроҷ шудаанд ва полис идомаи ин рафтори муҳоҷиронро таҳаммул нахоҳад кард.

Вай таъкид кард, дар иртбот бо даргириҳои қавмӣ миёни коргарони муҳоҷири Осёи Марказӣ дар Маскав 800 парвандаи қазоӣ низ ташкил шудааст.

Бештар бихонед:

 

Барчасп