Ҷопон дар Тоҷикистон 10 мактаб месозад
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i73130
Созишномаи сохти 10 мактаб дар Тоҷикистон бо кумаки молии ройгони 6 миллион сомонии давлати Ҷопон ба имзо расид.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Сентябр 04, 2021 11:26 Asia/Dushanbe
  • Ҷопон дар Тоҷикистон 10 мактаб месозад

Созишномаи сохти 10 мактаб дар Тоҷикистон бо кумаки молии ройгони 6 миллион сомонии давлати Ҷопон ба имзо расид.

Ба гузориши сомонаи Ховар, ин созишномаро Мияшита Такаюки, сафири Ҷопон дар Душанбе ва масъулони 6 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон имзо карданд.

Бар асоси ин барнома давлати Ҷопон ҳазинаи сохти ин 10 мактаб дар шаҳрҳои Роғун, Левакант ва ноҳияҳои Лахш, Шаҳринав ва Ховалинг пардохт хоҳад кард. Сафири Ҷопон дар Душанбе дар маросими имзои ин созишнома таъкид кард, ки ин иқдомро дар остонаи фарорасии 30-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон ба фоли нек мегирад ва хушҳол аст, ки ҳукумати Ҷопон дар роҳи рушди бахши маорифи ин кишвар сармоягузорӣ мекунад. Зеро рушди соири бахшҳо дар ҳар кишваре ба сармоягузорӣ дар омӯзиш ва парвариш бастагӣ дорад.

Бештар бихонед: