Боздошти фарзанди Сайидқиёмиддини Ғозӣ дар Русия
(last modified Mon, 06 Sep 2021 05:00:29 GMT )
Сентябр 06, 2021 10:00 Asia/Dushanbe
  • Боздошти фарзанди Сайидқиёмиддини Ғозӣ дар Русия

Ба дархости мақомоти Тоҷикистон полиси шаҳри Қазон-маркази ҷумҳурии Тотористони Русия, Баракатуллоҳ Ғозиев-фарзанди Сайидқиёмиддини Ғозӣ, яке аз чеҳраҳои собиқи мазҳабии Тоҷикистонро боздошт кардааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Топтҷрик Ҳабибулин-раиси додгоҳи Қазон гуфтааст, ки боздошти ин шаҳрванди Тоҷикистон ба дархости мақомоти қазоии ин кишвар анҷом шуда ва мавзӯъи истирдоди вай ба кишвараш дар дасти баррасӣ мебошад .
Вай иттиҳоми Баракатуллоҳ Ғозиевро хиёнат ба Ватан ва доман задан ба ихтилофоти мазҳабӣ унвон кардааст. Ин дар ҳоле аст, ки ду бародари ӯ ба номҳои Сайидмуҳаммади Қиёмуддин ва Сайидҳасани Қиёмуддин ба иттиҳоми хиёнат ба Ватан дар Тоҷикистон дар соли 2020 ба 11 ва 13 сол зиндон маҳкум шудаанд. Сайидқиёмиддини Ғозӣ-падари онон дар соли 2017 дар Санкт-Петербурги Русия боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шуд, ки бо ҳукми Додгоҳи олии ин кишвар ба 25 сол зиндон маҳкум гардид. Вай дар моҳи майи соли 2019 дар зиндони ноҳияи Ваҳдат дар пайи ошуби зиндониён ба таври мармузе кушта шуд.



Бештар бихонед: