Сентябр 07, 2021 12:59 Asia/Dushanbe
  • Суханронии раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар паради Нерӯҳои мусаллаҳи кишвар

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар паради Неруҳои мусаллаҳи ин кишвар ба муносибати 30 -юмин солгарди Истиқлоли ин кишвар дар Душанбе суханронӣ кард.

Ба гузориши дафтари матбуотии раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо табрики фаро расидани 30 -юмин солгарди Истиқлоли ин кишвар, ба афсарону сарбозон орзӯи саломатӣ ва сарбаландӣ кард.

Вай таъкид кард, ки Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон барои ҳифзи дастоварҳои даврони Истиқлол талош хоҳанд кард ва давлат низ ба манзури иртиқои сатҳи размии воҳидҳои низомӣ, аз тамоми имконот истифода хоҳад кард.

Раҳмон бо ишора ба авзои печидаи минтақа, фаъол шудани гурӯҳҳои террористӣ ва ифротӣ, қочоқчиёни маводи мухаддир, ҷурму ҷиноёти кибернетикӣ, вазифаи муҳими Неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистонро ҳифзи амният, дифоъ аз марзҳо ва суботи ҷомеа унвон кард.

Дар ин паради низомӣ беш аз15 ҳазор нафар аз афсарону сарбозон ва коркунони анвои воҳидҳои Неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ширкат карданд.

 

Барчасп