Сентябр 09, 2021 12:16 Asia/Dushanbe
  • Чопи вижаномаи «Diplomatic World» ба муносибати фаро расидани 30-солагии истиқлоли давлатии  Тоҷикистон

Ба муносибати фаро расидани 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Diplomatic World» дар Брюссел вижанома чоп карданд.

Ба гузориши сомонаи Ховар, дар ин шумораи махсуси маҷалла ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон инъикос гардида, дар ин замина ба дастовардҳои кишвар дар замони Истиқлол, ҳамчунин нақши афзояндаи кишвар дар арсаи байналмилалӣ аҳамияти махсус дода шудааст.

Паёмҳои Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва президенти Шӯрои Аврупо Шарл Мишел ба маҷаллаи мазкур ҳусни оғоз бахшидаанд.

Маҷалла ба тарғиби дастовардҳои беназири кишвар дар тӯли 30 соли Истиқлол бахшида шуда, мақолаҳои роҳбарони мақомоти давлатиро дар бар мегирад.

Маҷалла бо аксҳои таҷассумкунандаи зебоиҳои Тоҷикистон ороиш ёфтааст.

 

Барчасп