Таҳлилгари тоҷики хостори талоши Ҳукумати Тоҷикистон барои озодии ду зиндонӣ дар Қирғизистон шуд
(last modified 2021-09-17T16:31:06+00:00 )
Сентябр 17, 2021 21:31 Asia/Dushanbe
  • Таҳлилгари тоҷики хостори талоши Ҳукумати Тоҷикистон барои озодии ду зиндонӣ дар Қирғизистон шуд

Таҳлилгари тоҷик хостори талоши Ҳукумати Тоҷикистон барои озодии ду сокини ноҳияи Исфара шуд, ки дар Қирғизистон ба зиндони абад маҳкум шудаанд.

Ба нақл аз сомонаи “ТоҷВик”, Парвиз Муллоҷонов бо ишора ба судури ҳукми зиндони абад аз сӯи додгоҳи Қирғизистон алайҳи Абдурозиқ Қаҳҳоров ва Аскар Юнусов, ду сокини ноҳияи Исфараи Тоҷикистон ба иттиҳоми мушорикат дар низои мусаллаҳона ва ғоратгарӣ, ки ахиран эълом шуд, хостори иқдоми Ҳукумати Тоҷикистон барои озодии онон шудааст.

Наздикони ин ду гуфтаанд, ки додгоҳ пушти дарҳои баста баргузор шуд, вакили мудофеи қирғизи онон дар бораи ин қазия ибрози назар накард.

Аммо Парвиз Муллоҷонов бар ин бовар аст, ки агар Ҳукумати Тоҷикистон натавонад ин ду шаҳрванди хешро озод кунад, дар оянда чӣ гуна мешавад дар бораи зарурати дифоъ аз ин кишвар дар баробари таҷовузи хориҷӣ сухан гуфт ва ба чӣ далел пас аз даргирии хунини марзии рӯзҳои 28 ва 29 аррели соли ҷорӣ дар марзи Тоҷикстону Қирғизистон танҳо ду шаҳрванди тоҷикистонӣ аз сӯи кишвари ҳамсоя ба боздошт ва ба зиндони абад маҳкум шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар ин даргирӣ 19 нафар аз шаҳрвандон  кушта ва 87 тан захмӣ шудаанд. Мақомоти Қирғизистон теъдоди куштаҳои хешро 36 нафар ва захмиҳоро 189 тан эълом кардаанд.

 

Бештар бихонед: