Изҳори қадрдонии раисиҷумҳури Тоҷикистон аз сафари Раисӣ ба Душанбе
Раисиҷумҳури Тоҷикистон аз инки раиси Ҷумҳурии Исломии Эрони аввалин сафари расмии хориҷии худро ба ин кишвар анҷом дод, изҳори сипос ва қадрдонӣ кард.
Ба гузориши хабаргузории Форс, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз инки Саидиброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон даъвати вай барои анҷоми аввалин сафари расмӣ ва ҳузур дар иҷлоси Созмони Ҳамкории Шанхайро пазируфт, изҳори сипос ва қадрдонӣ кард.
Эмамолӣ Раҳмон дар оғози дидори хусӯсии худ бо Раисӣ изҳор дошт, ман аз ширкати фаъоли ҷаноби олӣ дар иҷлоси сарони Созмони Ҳамкории Шанхай ва нишасти муштараки ин созмон бо Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ташаккур мекунам. Умедворам ин сафар мӯҷиби эҷоди фасли ҷадиде дар равобити ду кишвар шавад. Раисӣ низ аз онки нахустин сафари расмии хориҷии худро ба кишвари ҳамдин, ҳамфарҳанг ва ҳамзабон анҷом медиҳад, иброз хушҳолӣ кард.
Вай изҳори итминон кард, ки бо анҷоми ин сафар ва музокироти ҳайатҳои олирутбаи Эрону Тоҷикистон равобит миёни ду кишвар пойдортар хоҳад шуд.
Бештар бихонед: