Сентябр 21, 2021 09:14 Asia/Dushanbe
  • Таҷаммуи донишҷӯёни тоҷик дар муқобили сафоратхонаи Қирғизистон дар Тоҷикистон

Теъдоде аз донишҷӯёни тоҷик дар муқобили сафоратхонаи Қирғизистон дар Тоҷикистон таҷаммуъ карданд.

Ба гузориши яке аз манобеи хабарии Осиёи Марказӣ, гуруҳе аз донишҷӯёни тоҷик дар муқобили сафорати Қирғизистон дар шаҳри Душанбе таҷаммуъ карданд. Онҳо дар ин гирдиҳамоӣ хостори боз шудани гузаргоҳҳои марзӣ барои сафар ба Қирғизистон шуданд.

Қирғизистон пас аз даргириҳои моҳи май гузаргоҳҳои марзии худро бо Тоҷикистон баст.

Мушаррафи Муҳаммадюсуф - донишҷӯи соли панҷуми донишкадаи пизишкии Қирғизистон аст. Ӯ баҳори имсол вориди Тоҷикистон шуд, аммо акнун наметавонад ба Қирғизистон бозгардад.

Вай гуфт: Аз мақомоти Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ва Вазорати илм ва маориф дархости кумак кардааст, аммо то кунун мушкили вай ҳал нашудааст.

Вай афзуд: Агар натавонем баргардем, ба баҳонаи ҳузур надоштан дар синф моро аз донишгоҳ ихроҷ хоҳанд кард.

Мақомоти сафоратхонаҳои Қирғизистон дар Тоҷикистон аз ҳар гуна изҳори назар дар ин бора худдорӣ кардаанд.

Дар ҳамин ҳол, намояндагони вазоратхонаи омӯзиши Қирғизистон эълом кардаанд, шеваномаеро дар мавриди бозгашти донишҷӯёни тоҷик ба Қирғизистон таҳия кардаанд.

Тибқи омор ҳудуди 2000 донишҷӯии тоҷик дар Қирғизистон таҳсил мекунанд.

 

 

 

 

Барчасп