Лигаи футболи бонувони ФФТ дар Хоруғ фестивал баргузор намуд
(last modified Wed, 22 Sep 2021 07:13:19 GMT )
Сентябр 22, 2021 12:13 Asia/Dushanbe
  • Лигаи футболи бонувони ФФТ дар Хоруғ фестивал баргузор намуд

Бо ибтикори Федератсияи футболи Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ даври навбатии фестивали «Футбол барои духтарон» баргузор гардид.

Бино ба иттилои Радиои тоҷикии Садои Хуросон, ки аз Федератсияи футболи Тоҷикистон иқтибос оварда шудааст،Фестивал бо ибтикор ва дастгирии Лигаи футболи бонувони Федератсияи футболи Тоҷикистон дар.

чаҳорчӯби барномаи байналмилалии ФИФА ВУМЕН ФУТБАЛ ва барномаи «Футбол барои ҳама»  баргузор гардид,  иттилоъ медиҳад мухбири минтақавии.

Теъдоди зиёди духтарони хурдсол бо шавқи  беандоза дар ин фестивал ширкат намуда, бо бозии ҷолиб, ҳаракату усулҳои зебо исбот намуданд, ки онҳо низ дар оянда тавони ташкили чанд дастаи касбӣ доранд.

Раиси Федератсияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Аноятшо Аноятшоев гуфт, ки «футбол дар ҷумҳурии мо акнун на танҳо ба шуғли дӯстдоштаи  писарон, балки духтарон низ табдил ёфтааст. Инро ширкати фаъоли  духтарон дар фестивали имрӯзаи футбол собит сохт.  Зиёда аз 200 нафар духтарони аз 6 то 12-сола дар ин фестивал бо шавқи беандоза ширкат намуданд.  Агар чунин фестивалу мусобиқаҳо барои футболобозони хурдсол бештар баргузор гардад, дар оянда дар шаҳри Хоруғ ташкил кардани дастаҳои бонувон осонтар мегардад».

Директори Лигаи футболи бонувони Федератсияи футболи Тоҷикистон Абдулло Соқиев  гуфт, ки «чунин фестивал дар чаҳорчӯби барномаи «Футбол барои ҳама»  дар шаҳру ноҳияҳои мухталифи вилоятҳои Хатлону Суғд баргузор гардид ва ҳадафи ягонаи он  ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва рушди футболи бонувон мебошад. Ҳоло дар кишвар Лигаи футболи бонувон ва чемпионати даврии дастаҳои беҳтарини бонувон фаъоланд, ки ин барои минбаъд равнақ додани футболи бонувон, оммавигардонии он, дарёфти чеҳраҳои беҳтарини ин намуди варзиш яке аз дигар мақсадҳои фестивали мазкур мебошад».

Ҳангоми баргузории фестивал намояндагони лига усулҳои гуногуни идора кардани тӯбро ёд доданд. Пас аз он миёни  футболбозони наврас мусобиқа баргузор карда шуд. Баргузории чунин давраҳои омӯзишии назариявию амалӣ  ба ҷалби футбол миёни наврасон такони хуб бахшида, барои ташкили дастаҳои бештари футболи бонувон мусоидат мекунад.

Дар фарҷоми фестивал Лигаи футболи бонувон ба футболбозони наврас либосҳо ва лавозимоти варзишӣ туҳфа намуд

Барчасп