Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон: Шоҳиди фоҷеаи инсонӣ дар Панҷшери Афғонистон ҳастем
-
Нигаронии Эмомалӣ Раҳмон аз вазъи мардуми Панҷшер ва Афғонистон
Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суханронии видеоконфронсии худ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид, бар зарурати ташкили давлати фарогир ва баргузории ҳамапурсӣ барои таъйини сохтори давлат дар Афғонистон таъкид кард.
Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо баёни ин ки таҳаввулоти ахир дар Афғонистон муртабит бо буҳрони сиёсӣ, инсонӣ ва ҳукмронӣ, таҳдиде ҷиддӣ барои амнияту суботи минтақаӣ маҳсуб мешавад, гуфт: Вазъияти буҳронӣ дар Афғонистон, ки ҳазору 400 километр марзи муштарак бо Тоҷикистон дорад, ба ин маънӣ аст, ки давлату мардуми Тоҷикистон наметавонанд бетафовут бошанд.
Раҳмон дар идома афзуд: Ба қудрат расидани гурӯҳи Толибон, ки дар феҳристи террористии Шӯрои амнияти Созмони Милал қарор дорад, вазъияти печидаи геополитикии минтақаро печидатар сохтааст.
Вай идома дод, нотавонии Толибон дар амал ба ваъдаҳои аввалияи худ барои ташкили як давлати фарогир ва бо мушорикати неруҳои мухталифи сиёсиву қавмии Афғонистон, муҷиби нигаронии ҷиддӣ аст.
Вай бо баёни ин ки Тоҷикистон ҳамаи шаклҳои беқонунӣ, ҷиноят, ғоратгарӣ ва саркӯб алайҳи мардуми Афғонистонро ба шиддат маҳкум мекунад, гуфт: Муттаассифона, созмонҳои ҳуқуқи башарӣ дар иртибот бо нақзи ҳуқуқи соири гуруҳҳои қавмии сокини Афғонистон ва озодии шаҳрвандон, ба хусус занону кӯдакони ин кишвар сукут ихтиёр кардаанд.
Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон афзуд: Дар мавриди устони Панҷшер дар Афғонистон, шоҳиди нақзи фоҷеавии ҳуқуқи башари байналмилалӣ ҳастем. Мардуми Панҷшер дастрасӣ ба ғизо ва соири ақломи асосӣ ва кумакҳои инсонӣ надоранд ва ҳатто Созмони Милал ва кумитаи байналмилалии Салиби Сурх ҳанӯз қодир ба вуруд ба Панҷшер барои иҷрои тааҳҳудоти инсонии худ нашудаанд. Вазъияти ҷорӣ як фоҷеаи инсонӣ аст.
Вай изҳор дошт: Афзоиши шиддати набардҳо байни гуруҳҳои қавмӣ дар Афғонистон омили дигаре аст, ки вазъияти сиёсиву амниятӣ дар ин кишвари ҳамсояи моро бештар дучори бесуботӣ месозад. Аз ин лиҳоз, барқарор сохтани як гуфтугӯи фарогир бо мушорикати ҳамаи бахшҳои ҷомеаи Афғонистон яке аз пешшартҳои аслӣ барои эҷоди сулҳу суботи пойдор дар он кишвар аст.
Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамин иртибот идома дод: Дар канори соири гуруҳҳои қавмии Афғонистон, тоҷикҳо низ, ки беш аз 46 дарсад аз мардуми он кишварро ташкил медиҳанд, ҳақ доранд, ки дар идораи кишвар саҳми шоистаи худро дошта бошанд.
Раҳмон таъкид кард: Мо дар умури дохилии Афғонистон дахолат намекунем, аммо эътиқод дорем, ки ба манзури пардохтани муносиб ба мушкилоти сиёсиву амниятии ин кишвари ҳамсоя, ташкили як давлати фарогир аз тариқи интихобот бар асоси иродаи мардуми ин кишвар бо ширкати таомули ҳамаи гуруҳҳои сиёсиву миллӣ ва ақаллиятҳои қавмӣ зарурӣ аст.
Вай гуфт: Аз назари мо лозим аст, ки сохтори давлат дар он кишвар аз тариқи як ҳамапурсӣ бо дар назар гирифтани назароти ҳамаи шаҳрвандон таъйин шавад. Ташкили давлат бидуни дар назар гирифтани манофеи ҳамаи мардуми Афғонистон метавонад, ба паёмадҳои фоҷеаборе мунҷар шавад.