Сентябр 25, 2021 09:55 Asia/Dushanbe
  • Нурсултон ва шаҳри Душанбе бародархонда шуданд

Тафоҳумномаи бародархондагии Нурсултон ва шаҳри Душанбе имзо шуд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ховар, ин тафоҳумнома дар мулоқоти Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Тоҷикистон ва шаҳрдори шаҳри Душанбе бо Олтой Кулгинов-шаҳрдори Нурсултон имзо шуд.
Дар ин дидор Рустами Эмомалӣ аз раванди тавсеъаи шаҳри Нурсултон истиқбол ва таъкид кард: Густариши равобити байни воҳидҳои идории ду кишвар,ба вижа пойтахтҳо ба тақвияти равобити байни ду кишвар кумак мекунад.
Тарафайн дар гуфтугӯҳои худ ба табодули таҷрибиёт дар заминаи мудирияти шаҳрӣ, зерсохтҳои ҳамлу нақл, назми умумӣ ва ҳамчунин тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ дар тиҷорат, саноъат, гардишгарӣ, фарҳанг, ҷавонон ва варзиш низ таваҷҷуҳи вижа карданд .
Ҳамчунин дар ин мулоқот эълом шуд мудирони шаҳри Душанбе омодагӣ доранд зерсохтҳои муносибе барои корофаринону ширкатҳои сармоягузории Қазоқистон фароҳам кунанд .

 

Барчасп