Интишори китоби «Ҳамосаи Панҷшер» дар шаҳри Душанбе
(last modified Tue, 28 Sep 2021 09:43:55 GMT )
Сентябр 28, 2021 14:43 Asia/Dushanbe
  • Интишори китоби «Ҳамосаи Панҷшер» дар шаҳри Душанбе

Китоби «Ҳамосаи Панҷшер» дар ҳимоят аз Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар шаҳри Душанбе мунташир шуд.

Ба гузориши «Ховар», интишороти «Адиб» маҷмӯаи шеърҳоеро дар ҳимоят аз Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар Панҷшер мунташир кард.

Ин китоб «Ҳамосаи Панҷшер» ном дорад ва шомили маҷмӯаи шеърҳои мухталифи шоирони форсизабон аст.

Рӯйи ҷилди ин китоб низ тасовире аз Аҳмадшоҳи Масъуд, қаҳрамони миллии Афғонистон ва писараш Аҳмади Масъуд чоп шудааст.

Ин маҷмӯа бо талоши Давлат Сафар, муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон таҳия шудаву Беҳрӯзи Забеҳуллоҳ, шоир ва нависандаи тоҷик низ онро вироиш кардааст.