Сентябр 28, 2021 15:16 Asia/Dushanbe
  • Сабти шаҳри Карони ноҳияи Дарвоз дар феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО

Шаҳри бостонии Карон дар ноҳияи Дарвоз, дар феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт мешавад.

Беҳзод Хоҷаев, мудири идораи гардишгарии ноҳия Дарвоз гуфт, шаҳри бостонии Карон яке аз осори таърихии бостонӣ ва пойтахти бостонии подшоҳии Дарвоз аст, ки профессор Юсуфшоҳ Яъқубов дар апрели соли 2012 онро кашф кард.

Вай афзуд: Ин шаҳр собиқаи чаҳорҳазорсола дорад.

Ӯ гуфт: Номи шаҳри бостонии Карон аз форсии миёна тарҷума шудааст ва ба маънии «Маҳалли рӯйи теппа» аст. Карон дар қисмати шарқии рустои Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз, дар масири убури корвон ба Бадахшон дар иртифои 2000 метр аз сатҳи дарё, дар баландии рӯди Панҷ қарор дорад ва масоҳати шаҳр 100 гектор аст.

Беҳзод Хоҷаев, мудири идораи гардишгарии ноҳияи Дарвоз изҳор дошт: Дар ҳини ковуш, бақоёии майдони бозии чавгон, расадхона, осиёби бодӣ ва маъбади зартуштӣ, оташкадаи Панҷ бурҷ, маъбади об, ду маъбади бод, пояҳои сохтмонҳои маскунӣ ва идорӣ, аз ҷумла як хонаи салтанатӣ бо 37 утоқ ва як ҳавз ва заминҳои варзишӣ кашф шуд.

Ӯ баён кард, ковушҳои анҷомшуда дар шаҳри бостонии Карон нишон медиҳад, ки мардум дар ин шаҳр дар садаҳои 10 то 12 мелодӣ зиндагӣ мекарданд.

 

 

Барчасп