Октябр 02, 2021 13:46 Asia/Dushanbe
  • Имомхатибони Тоҷикистон ба

Имомхатибони тамоми масҷидҳои Тоҷикистон дар хутбаи намози ҷумъаи имрӯз ба таҳдиди Мулло Бародар, муовини сарвазири “Иморати исломии “Толибон” ба Тоҷикистон посух доданд.

Бино ба гузориши Радиои Садои Хуросони Тоҷикистон ба нақл аз Sputnik,Дастикам чаҳор намозгузор аз гӯшаҳои мухталифи Тоҷикистон таъйид намуданд, ки имомхатибон дар масҷидҳо аз ҳарфҳои раҳбари аршади “Толибон” шадидан интиқод карда, ҳудуди ним соати хутбаи худро ба ин мавзуъ ихтисос додаанд.

Имомхатибон дар такя ба суханрониҳои Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки аз ҷумла дар охирин мубоҳисаҳои умумии иҷлоси 76-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид гуфтаанд, Тоҷикистон ба тақдири халқи ҳамсоя бетараф буда наметавонад ва дар асоси қонунҳои байналмилалӣ талош мекунад, то ҳуқуқу манфиати тоҷикон дар канори халқу миллатҳои дигар таъмин ва ҳифз шавад, мавзеъгирӣ карданд.

Дар идома онҳо суханони Мулло Бародарро зери тозиёнаи танқид гирифта, ҳарфҳои ӯ дар бораи “дахолати ноҷо” – и Тоҷикистон дар умури Афғонистонро “ғайримантиқӣ” ва “туҳмат” хонда, лаҳни таҳдидомези роҳбарияти “Толибон”*-ро, ки гуфтааст, “ҳар амал аксуламале дорад”, баёнгари ифротӣ будани ҳукумати ташкилкардаашон дар Афғонистон хондаанд.

Тарсафкану даҳшатафкан! Ҳамин қавли Мулло Бародар худ гувоҳи он аст, ки гурӯҳи “Толибон” дар рафтору амал ва тасмимгириҳо аслан тағйир накардааст, балки ҳоло бо найрангу ҳилаҳои наве талоши татбиқи ҳамон ҳадафҳои 

нашудани ҳукумати “Толибон”*-ро хеле маънидор хонда, бар баъзе кишварҳо, ки сиёсатҳои “эҳтиёткорона”-ву “дугона”-и худро ба намоиш мегузоранд, низ ишора кардаанд.

Дар идомаи суҳбатҳояшон имомхатибон ба аҳдофи “Толибон”* пардохта, гуфтаанд, ки онҳо аз ҳамин роҳ мехоҳанд дар дили мардум як навъ тарсу ваҳмро ҷо диҳанд, аммо тоҷик, чи тоҷики Тоҷикистон ва чи тоҷики Афғонистон имрӯз ба хубӣ медонад, ки ин гурӯҳи худхонда кисту чӣ зарфияту иқтидоре дорад.
 

Барчасп