Президенти Тоҷикистон бо сарвазири Покистон гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод
(last modified Sat, 02 Oct 2021 15:33:30 GMT )
Октябр 02, 2021 20:33 Asia/Dushanbe
  • Президенти Тоҷикистон бо сарвазири Покистон гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод

Президенти Тоҷикистон бо сарвазири Покистон сӯҳбати телефонӣ анҷом дод.

Бино ба иттилои Радиои тоҷикии Садои Хуросон،Зимни суҳбат дар идомаи муколамае, ки дар шаҳри Душанбе оғоз ёфта буд, ҷонибҳо як қатор масъалаҳои марбут ба амнияти минтақаро баррасӣ намуданд. Дар ин зимн ба вазъ дар Афғонистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

  • Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид доштанд, ки вазъи ин кишвари ҳамсоя ҳамоно дар маркази диққати Тоҷикистон қарор дорад, зеро ҳамаи он рӯйдодҳое, ки дар ин кишвари ҳамсоя ба вуқӯъ мепайванданд, ба ҳолати амниятӣ дар минтақа таъсири бевосита мерасонанд.

  қайд карданд, ки роҳандозии муколамаи васеи нерӯҳои мухталифи ин кишвар яке аз омилҳои муҳими барқарории сулҳу субот дар он арзёбӣ мегардад. Бори дигар омодагии ҷониби Тоҷикистон барои ҳамкории созанда бо ҳамаи тарафҳои манфиатдор ба мақсади мусоидат ба ин раванд дар доираи имкониятҳои мавҷуда иброз гардид.

Мувофиқа ба даст омад, ки тамосу машваратҳои ду кишвар оид ба қазияи Афғонистон дар ҳамаи сатҳҳо идома дода шаванд.