Октябр 05, 2021 22:07 Asia/Dushanbe
  • Таҳқиқи худкушии як корманди

Ҷасади Ғиёсиддин Аюбзодаи 27-соларо рӯзи 5-уми октябр дар деҳаи Ревади ноҳия дафн карданд.

Бино ба гузориши "Радиои тоҷикии Садои Хуросон"،Наздиконаш гуфтанд, ӯ як рӯз пеш дар ҷойи кор худкушӣ карда, дар номае далели рафторашро ба баҳси пулӣ рабт додааст. Мақомот то ҳол фарзияи худкушии ӯро нагуфтаанд.

Аюбиддин Хуҷов, падари Ғиёсиддин, панҷуми октябр ба  гуфт, "марги ӯ ба моҷарои оилавӣ вобаста набуд, балки ба мушкилоти корӣ пайванд дорад.
 
Дар нома қарзгирии чанд сокини ноҳия зикр шудааст.
 


Қутбиддин Мерганов, мудири намояндагии "Амонатбонк" дар ноҳияи Айнӣ гуфт, онҳо низ номаро хондаанд ва дар онҷо гап дар бораи 150 ҳазор сомонӣ меравад.

"Овозаҳое, ки гуё бо роҳбарияти бонк нофаҳмӣ дошт, асос надорад. Дар нома шикоят аз кормандони бонк нест. 

Ҳоло чашмҳо ба тарафи муфаттишон дӯхта шудааст, ки ҳангоми таҳқиқи қазия чӣ ба даст меоранд.

Барчасп