Ради хабари ҳамла ба узви Ҳизби мамнӯъаи наҳзати исломӣ дар зиндони Тоҷикистон
Созмони зиндонҳои Тоҷикистони хабари ҳамла ба Раҳматуллоҳи Раҷабро рад кард.
Раиси Созмони зиндонҳои Тоҷикистон хабари ҳамла ба Раҳматуллоҳи Раҷаб-узви аршади Ҳизби мамнӯъаи наҳзати исломиро дар зиндон рад кард .
Раҳматуллоҳи Раҷаб ба 28сол зиндон маҳкум шудааст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Топ.тҷ Мансурҷон Умаров гуфт : Ин хабар комилан дуруғ аст ва бастагони Раҳматуллоҳи Раҷаб метавонанд дар дидор бо вай аз вазъи саломатии ӯ огоҳ шаванд.
Аммо яке аз наздикони Раҳматуллоҳи Раҷаб эълом кард: Дар зиндони ноҳияи Ваҳдат иҷозаи дидори ҳузуриро надоданд ва онҳо тавонистанд телефонӣ гуфтугӯ кунанд.
Пеш аз ин бархе аз сомонаҳои хабарии мухолифони ҳукумати Тоҷикистон аз ҳамла бо силоҳи сард ба Раҳматуллоҳи Раҷаб хабар дода буданд .
Ҳамчунин хабаре низ дар бораи ҳамлаи яке аз зиндониён ба Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзодаи узви 70 солаи Ҳизби мамнӯъаи наҳзати исломӣ мунташир шуд, ки мақомоти зиндони Тоҷикистон ин хабарро ҳам такзиб карданд .
Бештар бихонед :
- Нигаронӣ аз вазъияти саломатии Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода дар зиндон
-
Боздошти узви собиқи Ҳизби мамнӯаи наҳзати исломӣ дар вилояти Суғд
-
Мухолифати Тоҷикистон ба кумаки хориҷӣ ба хонаводаҳои зиндониёни Ҳизби Наҳзати Исломӣ