Тардиди муовини вазири умӯри хориҷаи Русия дар бораи тавони Толибон барои кантроли марз бо Тоҷикистон
(last modified 2021-10-09T07:52:17+00:00 )
Октябр 09, 2021 12:52 Asia/Dushanbe
  • Тардиди муовини вазири умӯри хориҷаи Русия дар бораи тавони Толибон барои кантроли марз бо Тоҷикистон

Муовини вазири умӯри хориҷаи Русия дар бораи тавони Толибон барои кантроли марз бо Тоҷикистон ибрози шакку тардид кард .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Интерфакс Андрей Руденко гуфтааст, ки Русия авзоъ дар марзи муштараки Тоҷикистон бо Афғонистонро таҳти назар дорад ва иҷоза намедиҳад, ки гуруҳҳои мусаллаҳ амнияти Тоҷикистонро таҳдид кунанд .
Ба гуфтаи вай таъкиди бархе аз фармондеҳи Толибон, ки омодаи ҳамла ба Тоҷикистон ҳастанд, ғайри қобили пазириш мебошад ва Русия ба шиддат бо ҳар навъ таҳаррукот алайҳи муттаҳиди хеш бархурд хоҳад кард.
Аз ин рӯ неруҳои Созмони паймони амнияти ҷамъӣ барои муқобила бо ҳар навъ таъаррузи гуруҳҳои мусаллаҳи террористӣ аз Афғонистон ба Тоҷикистон омодаи набард мебошанд ва ба размоишҳои хеш дар марзи муштараки ин ду кишвар идома медиҳанд .
Муовини вазири умӯри хориҷаи Русия аз Толибон хост, ки ба таъаҳҳудоти худ дар бораи ташкили давлати фарогир дар Афғонистон, ки таъминкунандаи манофеи ҳамаи неруҳои қавмӣ – сиёсӣ ва мазҳабии ин кишвар мешавад, амал кунад .

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп