Октябр 09, 2021 17:41 Asia/Dushanbe
  • Амонзода бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ вазъи гурезаҳо дар Осиёи Марказиро баррасӣ кард

Вазири меҳнат ва шуғли аҳолӣТоҷикистон дар вохурӣ бо намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ масъалаҳои марбут ба арзёбии эҳтиёҷоти гурезаҳо дар Осиёи Марказӣ ва таҳкими ҳамкориҳо дар ин самтро баррасӣ кард.

Бино ба иттилои Радиои "Садои Хуросон",Манбаъ қайд кардааст, ки зимни вохӯрӣ ҷонибҳо вобаста ба масъалаҳои марбут ба арзёбии эҳтиёҷоти гурезаҳо дар Осиёи Марказӣ, вазъ ва таҳкими ҳамкориҳо дар ин самт, расонидани кумак инчунин, ташаббусҳои оянда барои таъмини ноҳияҳои дурдасти Тоҷикистон бо инфрасохтори зарурӣ мубодилаи афкор намуданд.
Қайд карда шудааст, ки ҳар ду тараф омодагии худро барои рушди ҳамкориҳои минбаъда иброз намуданд.

Барчасп