Боздошти корманди Додгоҳи Олии Тоҷикистон ба иттиҳоми дарёфти ришва
Корманди Додгоҳи Олии Тоҷикистон ба иттиҳоми дарёфти ришва боздошт шуд.
Агентии давлатии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз боздошти корманди аршади шуъбаи назорат бар иҷрои аҳкоми Додгоҳи Олии ин кишвар ба иттиҳоми дарёфти 84 ҳазор доллар ришва хабар дод.
Ба гузориши сомонаи “ТоҷВик”, Сайиднуриддин Сафарзода муттаҳам аст, ки дар баробари дарёфти ин маблағ ба афроде ваъдаи ҳалли мушкили хусусисозии як нуқтаи шустушӯи мошин ва озодии теъдоде аз зиндониёнро бар асоси қонуни афви умумӣ додааст.
Ҳамчунин вай қаблан низ бо ваъдаи кумак ба ҳалли ихтилофот миёни шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Додгоҳи Олии Иқтисодӣ баррасӣ мешуд, аз онон ришва дарёфт кардааст.
Баррасии парвандаи додгоҳии вай дар Додгоҳи Олии Тоҷикистон оғоз шудааст.
Гуфта мешавад, ки дар сурати исботи иттиҳоми вай бар асоси банди 247 қонуни ҷиноии Тоҷикистон, дарёфти ришваву қаллобӣ, ин корманди Додгоҳи Олӣ ба 12 соли зиндон маҳкум хоҳад шуд.