Азсаргирии ҳаракати автобӯсҳои мусофирбарӣ миёни Хуҷанду Тошканд
Намояндаи ширкати Осиё экспрес эълом кард, ки аз рӯзи душанбе 18 октябри соли ҷорӣ ҳаракати автобӯсҳои мусофирбарӣ миёни шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон ва Тошканд-пойтахти Узбекистон аз сар гирифта мешавад .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Анвар Ғиёсов гуфтааст, ки феълан ҳар рӯз дар масири Хуҷанд ба Тошканд ҳаракати рафту баргашти автобӯсҳои мусофирбарӣ барномарезӣ шуда, ки бо афзоиши теъдоди мусофирон, равуои онҳо низ зиёд хоҳад шуд .
Вай таъкид кардааст, ки нархи билет барои ҳар мусофир дар ин сафарҳо 100 сомонӣ мебошад .
Ҳамчунин аз рўзи 20 октябри соли ҷорӣ ҳаракати рафту баргашти ҳамарӯзаи автобӯсҳои мусофирбарӣ миёни шаҳри Панҷакенти Тоҷикистон ба Самарқанду Бухорои Узбекистон оғоз мегардад . Қимати билет барои ҳар мусофир дар ин сафарҳо 200 сомонӣ таъйин шудааст .
Ҳаракати автобӯсҳои мусофирбарӣ миёни Тоҷикистону Узбекистон дар соли 2020 ба далели густариши вируси корона қатъ шуда буд .
Бештар бихонед :
- Имкони азсаргирии ҳаракати автобусҳои мусофирбарӣ миёни Тоҷикистон ва Узбакистон
-
Роҳандозии корхонаи муштараки тавлиди автобуси Тоҷикистон ва Туркия
-
Ифтиттоҳи чаҳор масири ҳаракати автобус миёни Тоҷикистон ва Узбакистон