Дидори масъӯли ҳуқуқи башари Тоҷикистон бо се зиндонии Ҳизби наҳзати исломӣ
Масъӯли ҳуқуқи башари давлати Тоҷикистон бо се зиндонии Ҳизби мамнӯъаи наҳзати исломӣ дар зиндони ноҳияи Ваҳдат дидор кард .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар дидори Умед Бобохонзода бо Раҳматуллоҳи Раҷаб, Абдулқаҳҳори Давлат ва Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода шароити нигаҳдории онон дар зиндон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ин дидор дар ҳоле анҷом шуд, ки теъдоде аз сомонаҳои мухолифони ҳукӯмати Тоҷикистон дар хориҷ аз ин кишвар хабарҳоеро дар бораи шиканҷа шудани ин се зиндонӣ, ки аз аъзои аршади Ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъаи наҳзати исломӣ мунташир карда буданд.
Ба гуфтаи масъӯли ҳуқуқи башари давлати Тоҷикистон онон эълом кардаанд,ки ин хабарҳо воқеият надорад ва танҳо хостаашон бознигарӣ кардан дар парвандаҳояшон ва ҳукмҳои содира мебошад .
Бештар бихонед :
- Ради хабари ҳамла ба узви Ҳизби мамнӯъаи наҳзати исломӣ дар зиндони Тоҷикистон
-
13 маҳбуси зиндони Хуҷанд ҳангоми интиқол ба зиндонҳои дигар ҳалок шуданд