Тавқифи сӯхту колои қочоқӣ аз Қирғизистон ба Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i75650-Тавқифи_сӯхту_колои_қочоқӣ_аз_Қирғизистон_ба_Тоҷикистон
Бо вуҷуди баста будани марзҳои заминии Тоҷикистону Қирғизистон кормандони гумруку марзбонии Қирғизистон аз тавқифи сӯхту колои қочоқӣ таи шабонарӯзи ахир ба кишвари ҳамсоя хабар доданд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Октябр 18, 2021 14:04 Asia/Dushanbe
  • Тавқифи сӯхту колои қочоқӣ аз Қирғизистон ба Тоҷикистон

Бо вуҷуди баста будани марзҳои заминии Тоҷикистону Қирғизистон кормандони гумруку марзбонии Қирғизистон аз тавқифи сӯхту колои қочоқӣ таи шабонарӯзи ахир ба кишвари ҳамсоя хабар доданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи АКИ пресс, таи шабонаи рӯзи ахир кормандони гумруку марзбонии Қирғизистон дар марзи вилояти Ботканд бо вилояти Суғди Тоҷикистон аз тавқифи мошини ҳомили 3 тон ангиштсанг ва 280 либоси варзишии духти кишвари Ҷопон хабар доданд.

Гуфта мешавад, ки дар ҳар ду маврид шаҳрвандони Қирғизистон талош кардаанд, ки ин миқдор сухту либоси варзиширо бидуни доштани муҷаввиз ба таври қочоқӣ вориди Тоҷикистон кунанд .Акнун дар ин иртибот 4 шаҳрванди  Қирғизистон боздошт ва ба сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ супурда дода шудаанд.

Марзи муштараки Тоҷикистону Қирғизистон пас аз даргирии хунин авохири моҳи апрели соли ҷорӣ миёни марзбонону сокинони ду кишвар дар вилоятҳои Ботканду Суғд ба таври комил баста шудааст.


Бештар бихонед :