Баррасии тарҳи кумаки 800 миллион-юании Чин ба Тоҷикистон
(last modified Tue, 19 Oct 2021 05:57:10 GMT )
Октябр 19, 2021 10:57 Asia/Dushanbe
  • Баррасии тарҳи кумаки 800 миллион-юании Чин ба Тоҷикистон

Шӯрои Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тарҳи дарёфти кумаки ройгони 800 миллион- юании Чинро мавриди баррасӣ қарор дод.

Ба гузориши сомонаи «Ховар», ин маблағ барои марҳалаи дувуми бозсозии бахше аз масири Душанбе то марзи Чин, дар вилояти Бадахшон харҷ хоҳад шуд.

Вазорати молияи Тоҷикистон дар моҳи июли соли ҷорӣ ин тарҳро барои тасвиб ба ҳукумати кишвар ироа кард, ки инак пас аз мувофиқати ҳайати вазирон дар Маҷлиси намояндагон баррасӣ шуд.

Дар ин масир сохти ду нақб (тоннел) ба тӯли беш аз 5 километр, 15 пул ва дигар таъсисот мадди назар мебошад.

Бозсозии масири аслии иртиботи заминӣ миёни Тоҷикистон ва Чин ба ширкатҳои чинӣ вогузор шудааст.

 

Бештар бихонед: