Октябр 19, 2021 16:45 Asia/Dushanbe
  • Бонки Рушди АвруОсиё вазъи иқтисодии Тоҷикистонро умедворкунанда хонд

Коршиносони Бонки Рушди АвруОсиё вазъи иқтисоди Тоҷикистонро умедворкунанда хонданд.

Ба гузориши сомонаи “Спутник”, дар гузориши тозаи ин ниҳоди молӣ таъкид шудааст, ки бо афзоиши интиқоли даромади молии коргарони муҳоҷири тоҷик аз Русия авзои иқтисодии Тоҷикистон рӯ ба беҳбуд овардааст.

Зеро тайи се моҳи дувуми соли ҷорӣ мизони интиқоли даромади молии ин афрод ба Тоҷикистон аз Русия дар муқоиса ба давраи мушобеҳи соли 2020 наздик ба 8.4 дарсад афзоиш ёфта, ки мӯҷиби равнақи фаъолияти бозори дохилии ин кишвар шудааст.

 

Ҳамчунин мизони маошу дастмуздҳо дар соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 19 дарсад афзоиш ёфтааст, ки нишон медиҳад дар соли 2022 раванди бозгашти субот ба иқтисоди кишвар идома хоҳад дошт.

Ин дар ҳоле аст, ки Бонки марказии Русия эълом кард, коргарони муҳоҷир тоҷик тайи шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ 755 миллион доллар даромади молӣ ба Тоҷикистон интиқол доданд.

 

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп