Мушкили камбуди сӯзишворӣ дар фурудгоҳҳои Тоҷикистон
(last modified Thu, 21 Oct 2021 08:27:58 GMT )
Октябр 21, 2021 13:27 Asia/Dushanbe
  • Мушкили камбуди сӯзишворӣ дар фурудгоҳҳои Тоҷикистон

Намояндагони ду ширкати ҳавопаймоии Русия аз камбуди сӯзишворӣ дар фурудгоҳҳои Тоҷикистон гилоя карданд.

Ба гузориши сомонаи Спутник, намояндагии ширкати ҳавопаймоии Сибир эълом кардааст, ки аз нимаи моҳи октябри соли ҷорӣ сӯхтгирӣ дар фурудгоҳҳои Тоҷикистон маҳдӯд шуда ва акнун мушкилотеро барои интиқоли мусофирон эҷод кардааст.

Зеро дар фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд ба намояндагони ин ширкати ҳавопаймоӣ гуфтаанд, ки фақат метавонад 3 тон сӯзишворӣ дарёфт кунад.

Ба ҳамин иллат халабони ҳавопаймо маҷбӯр аст барои тай кардани идомаи масир ба самти Русия дубора дар фурудгоҳи шаҳри Тошканд барои сӯхтгирӣ дубора фурӯд биёяд.

Намояндагони ширкатҳои русӣ гуфтанд, ин фурӯд дар шаҳри Тошканд сабаб шудааст, ки мусофирон 2 соат маъаттал шаванд.

Намояндагии ширкати ҳавопаймоии “Урал”-и Русия низ эълом кард, камбуди сӯхт дар Тоҷикистон мӯҷиби тӯлонӣ шудани замони парвоз, афзоиши қиммати билети ҳавопаймо ва нороҳатии мусофирон шудааст.

Дар ҳоли ҳозир нархи 1 тон бензини ҳавопаймо дар фурудгоҳҳои Тоҷикистон 1 ҳазору 500 доллар аст, ки гаронтарин қимат дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меояд.