Таъкиди дабири кулли СПАД бар ҳимоят аз Тоҷикистон дар баробари ҳар гуна таҳоҷум
(last modified 2021-10-26T11:41:56+00:00 )
Октябр 26, 2021 16:41 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди дабири кулли СПАД бар ҳимоят аз Тоҷикистон дар баробари ҳар гуна таҳоҷум

Дабири кулли Созмони Паймони Амният Дастаҷамъӣ (СПАД) гуфт, размоишҳои ахири СПАД бори дигар афзоиши сатҳи омӯзиши ниҳодҳои мудириятӣ ва тавоноии воҳидҳои низомиро ба намоиш гузошт.

Ба гузориши хабаргузории «Форс», Станислав Зас, дабири кулли СПАД дар хусуси баргузории тамриноти муштараки низомии нерӯҳои зудамали СПАД дар Тоҷикистон дар ҳузури рӯзноманигорон изҳор дошт: Тамриноти мазкур тавоноии неруҳои зудамали СПАД -ро барои амалисозии аҳдоф дар заминаи ҳифозат аз истиқлолу тамомияти арзии кишварҳои узви ин созмон ба намоиш гузошт.

Зас бо баёни ин ки агарчӣ мо муътақидем ҳар гуна даргирӣ боястӣ ба сурати мусолиматомез аз тариқи музокираву гуфтугӯ ҳаллу фасл шавад, аммо агар таҷовузе алайҳи ҳар як аз кишварҳои узви СПАД анҷом шавад, аъзои созмони мазкур бояд омодаи дафъи он бошанд.

Вай изофа кард: Чунин омодагии кишварҳои узв дар ҷараёни тамриноти ахир, ки нерӯҳои СПАД тавоноии амал ба шевае ҳамоҳангу ҳирфаӣ, шона ба шона дар канори ҳам дар як муҳити душвор ва ба суръат дар ҳоли тағйирро нишон доданд, таъйид шуд.

 

Зас идома дод: Ин размоиш ба тамоми ҷаҳон, аз ҷумла ба бадхоҳони кишварҳои узви СПАД ва Тоҷикистон нишон дод, ки ин кишварро дар баробари мушкилот танҳо нахоҳанд монд.

Бинобар суханони вай, дар ҷараёни ин тамринот масоили марбут ба нобудии гуруҳҳои террористӣ, созмонҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, ки дар воқеъ вуҷуд доранд ва таҳдиди мустақим ҳам барои кишварҳои узви СПАД ва ҳам худи Афғонистон ҳастанд, таҷриба шуданд.

Гуфтанӣ аст, ки тамриноти неруҳои зудамали СПАД дар таърихи 18 то 23 октябр дар ҷануби Тоҷикистон, дар муҷовирати марзи Афғонистон баргузор шуданд.

 

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп