Дидори ҳассоси «Умед» -ҳои футболи Тоҷикистон ва Эрон дар Душанбе
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i76218-Дидори_ҳассоси_Умед_ҳои_футболи_Тоҷикистон_ва_Эрон_дар_Душанбе
Тимҳои миллии футболи Умеди Тоҷикистон ва Умеди Эрон имрӯз, якшанбе дар дидоре ҳассосу сарнавиштсоз дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон ба масофи якдигар мераванд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Октябр 31, 2021 15:17 Asia/Dushanbe

Тимҳои миллии футболи Умеди Тоҷикистон ва Умеди Эрон имрӯз, якшанбе дар дидоре ҳассосу сарнавиштсоз дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон ба масофи якдигар мераванд.

Тими умеди Эрон рӯзи якшанбеи 31 октябр ва аз соати 17: 30 ба вақти Теҳрон дар охирин бозии марҳалаи муқаддамотии гурӯҳии зери 23 солаҳои Осиё ба масофи тими Тоҷикистони мизбон меравад.

Тимҳои Умеди Тоҷикистон ва Эрон ҳар ду шаш имтиёз доранд, аммо тими Умеди Тоҷикистон ба лутфи бартарии голи беҳтар, ҳамакнун дар садри ҷадвал қарор дорад ва фардо ҳатто бо тасовӣ ҳам тими Умеди Тоҷикистон ба унвони тими аввал ба марҳалаи ниҳоии рақобатҳо боло хоҳад рафт ва тими Умеди Эрон бояд мунтазири таъйини таклифи тимҳои дувум барои боло рафтан ба марҳалаи ниҳоӣ бимонад.

 

Аз 11 гуруҳи мусобиқоти марҳалаи муқаддамотӣ 11 тими аввал ба ҳамроҳи 4 тим аз беҳтарин тимҳои дувум, ба марҳалаи ниҳоӣ боло мераванд то ба ҳамроҳи Узбакистони мизбон, 16 тими ниҳоии рақобатҳои зери 23 соли Осиё дар соли 2022 - ро ташкил диҳанд.

Аммо дар хусуси мусобиқаи ҳассос байни тимҳои Умеди Эрон ва Тоҷикистон пеш аз ин бозӣ мусоҳибае анҷом шуда бо Меҳдии Маҳдавикиё, сармураббии тими футболи Умеди Эрон, ки бо ҳам назарот ва дидгоҳҳои вайро мешунавем:

 

Бештар бихонед: