Шикасти тими миллии футболи “Умед”-и Тоҷикистон муқобили Эрон дар Душанбе
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i76228
Тими миллии зери 23 соли Эрон тавонист бо ғалаба бар Тоҷикистон, бо иқтидор роҳии рақобатҳои Ҷоми миллатҳои Осиё шавад.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Октябр 31, 2021 21:48 Asia/Dushanbe

Тими миллии зери 23 соли Эрон тавонист бо ғалаба бар Тоҷикистон, бо иқтидор роҳии рақобатҳои Ҷоми миллатҳои Осиё шавад.

Дар сеюмин дидори муқаддамотии қаҳрамонии Осиё дар радаи зери 23 сол тимҳои “Умед”-ҳои Эрону Тоҷикистон аз соати 19 ба вақти маҳаллӣ дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе ба масофи ҳам рафтанд.

Ин бозии ҳассос дар ҳоле баргузор шуд, ки Эрон барои садрнишинӣ дар гурӯҳ ба пирӯзӣ муқобили мизбон ниёз дошт, аммо ҳариф бо як натиҷаи тасовӣ ҳам ҷойгоҳи нахусти худро ҳифз мекард.

Бозӣ бисёр ҷолиб ва таҳоҷумӣ аз тарафи футболбозони тоҷик буд, вале бо ин ҳама футболбозони эронӣ аз мавқеиятҳои ба даст оварда дар ин бозӣ ба дурусти истифода карда пирӯзи ин бозӣ шуданд.

Дидори муқаддамотии қаҳрамонии Осиё дар радаи зери 23 соли тимҳои “Умед”-ҳои Эрону Тоҷикистон бо пирӯзии 3 бар 2 ба фоидаи тими Эрон ба поён расид.

Бо ин пирӯзӣ, Эрон 9 имтиёзӣ шуд ва тавонист бо садрнишинӣ ва иқтидори комил роҳии рақобатҳои Ҷоми миллатҳои Осиё зери 23 сол шавад.

Бештар бихонед: