Ноябр 03, 2021 16:07 Asia/Dushanbe
  • Зиндагии беш аз 2 миллион тоҷик дар Русия

Бар асоси омори Вазорати дохилии Русия, 2 миллиону 25 ҳазору 712 шаҳрванди Тоҷикистон дар ин кишвар зиндагӣ мекунанд.

Бар асоси эъломи мақомоти Тоҷикистон, ин теъдод камтар аз ним миллион нафар аст.

Ин омори мақомоти Русия фақат шомили шаҳрвандони тоҷикистониест, ки ба таври расмӣ дар Идораи Муҳоҷирати ин кишвар сабти ном кардаанд.

Бо дар назар гирифтани ин воқеият, ки ҳудуди 20 дарсад аз тоҷикҳо ғайриқонунӣ ба Русия сафар кардаанд, коршносон тахмин мезананд, ки ин теъдод метавонад ба 2. 5 миллион нафар бирасад.

Ҳудуди 1. 6 миллион нафар аз шаҳрвандони тоҷик низ ба далели ёфтани шуғл ба Русия сафар кардаанд.

237 ҳазор нафар аз тоҷикҳо ҳам ба далоили шахсӣ ба Русия муҳоҷират кардаанд.

 

Барчасп