Сохту бозсозии 19 мактаб дар Тоҷикистон бо кумаки Бонки Рушди Исломӣ
(last modified Fri, 05 Nov 2021 15:04:33 GMT )
Ноябр 05, 2021 20:04 Asia/Dushanbe
  • Сохту бозсозии 19 мактаб дар Тоҷикистон бо кумаки Бонки Рушди Исломӣ

Бонки Рушди Исломӣ дар назар дорад дар Тоҷикистон 19 мактаб бунёд ва бозсозӣ кунад.

Бонки Рушди Исломӣ дар Тоҷикистон 19 мактаб бунёд ва бозсозӣ мекунад.

Бинобар гузориши Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир муноқисаи ин пружаҳои барои интихоби паймонкорон дар ҳоли анҷом аст.

Бо сармоягузории Бонки Рушди Исломӣ дар 10 шаҳру навоҳии мухталифи Тоҷикистон, аз ҷумла Данғара, Темурмалик, Балҷувон, Муъминобод, Шамсиддини Шоҳин, Фархор, Ҳамадонӣ, Восеъ, Вахш ва шаҳри Кӯлоб 19 мактаб бунёд ва бозсозӣ мешаванд.

Пеш аз ин гузориш шуда буд, ки барои сохту бозсозии мактабҳо Бонки Рушди Исломӣ ба Тоҷикистон 30 миллион доллар ба унвони кумаки ройгон ҷудо хоҳад кард.

 

Бештар бихонед: