Эъломи 14 маврид иттиҳом алайҳи донишманди биошимии тоҷик дар Австралия
(last modified Tue, 16 Nov 2021 09:57:23 GMT )
Ноябр 16, 2021 14:57 Asia/Dushanbe
  • Эъломи 14 маврид иттиҳом алайҳи донишманди биошимии тоҷик дар Австралия

Полиси федералии Австралия алайҳи Абдусалом Одиназода, донишманди биошимии тоҷики муқими ин кишвар бар асоси 14 банди қонуни ҷиноятӣ иттиҳом эълом кардааст, ки як мавриди он ба баҳси афкори террористӣ муртабит мебошад.

Ба гузориши сомонаи “West Australian”, ин донишманди тоҷик ва фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ дар моҳи декабри соли 2020 ба иттиҳоми таблиғи афкори террористӣ боздошт шуд, ки ба иддаои мақомоти полиси Австралия дар матолибе ҷавононро ба ифротигарӣ ва хушунат дар хориҷ аз ин кишвар даъват мекард.

Одиназода то соли 2015 устоди риштаи биошимӣ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Абӯалӣ Синои шаҳри Душанбе буд, ки баъдан ба Австралия рафт ва ҳамвора алайҳи Ҳукумати Тоҷикистон ва мухолифони сиёсии давлати ин кишвар матлаб менавишт.

Гуфта мешавад, ки вай дар риштаи биошимӣ чандин мақолаи илмӣ дар маҷаллоти муътабари байналмилалӣ низ мунташир кардааст.