Шаҳрдории Душанбе тахриби Хона- мӯзейи Садриддин Айниро рад кард
(last modified Sat, 20 Nov 2021 07:22:29 GMT )
Ноябр 20, 2021 12:22 Asia/Dushanbe
  • Шаҳрдории Душанбе тахриби Хона- мӯзейи Садриддин Айниро рад кард

Дар пайи афзоиши эътирозот ба тарҳи шаҳрдории Душанбе мабнӣ бар тахриби Хона -мӯзейи Садриддин Айнӣ, қаҳрамони Тоҷикистон ва поягузори адабиёти навини ин кишвар, Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллӣ ва шаҳрдори пойтахти Тоҷикистон ин хабарро рад кард.

Ба гузориши сомонаи ТоҷВик, дар иттилоияи шаҳрдории Душанбе таъкид шудааст, ки ин Хона-мӯзей ба унвони бахше аз фарҳанги миллии тоҷикон, ки Садриддин Айнӣ барои дифо аз забони форсӣ ва таъсиси Ҷумҳурии мустақили Тоҷикистон ба харҷ додааст, ҳифз ва марамат хоҳад шуд.

Қаблан интишори ахборе бо истинод ба дафтари шаҳрдории Душанбе, ки гуфта мешуд, Хона - музейи Садриддин Айнӣ, қаҳрамони Тоҷикистонро тахриб ва фазои дохилии онро ба макони дигаре мунтақил хоҳад шуд, бо вокуниши тунди маҳофили адабӣ ва рӯзноманигории Тоҷикистон дар дохил ва хориҷ аз ин кишвар рӯбарӯ гардид.

Садриддин Айнӣ дар 27 апрели 1878 дар наздикии Бухорои кунӯнӣ ба дунё омад.

Ӯ аввалин раиси Фарҳангистони улӯми Тоҷикистон ва поягузори адабиёти навини Тоҷикистон аст.

Дар моҳи сентябри 1998 бо ҳукми раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Садриддин Айнӣ, унвони қаҳрамони Тоҷикистон эъто шуд ва акс ӯ бар рӯи 5 сомонӣ қарор гирифт.

Бештар бихонед: