Ноябр 27, 2021 10:27 Asia/Dushanbe
  • Ташкили парванда алайҳи 50 нафар дар Тоҷикистон ба иттиҳоми нарафтан ба хизмати ҳарбӣ

Додситони кулли Тоҷикистон алайҳи 50 нафар аз ҷавонон ба иттиҳоми нарафтан ба хизмати сарбозӣ парвандаи ҷиноятӣ ташкил дод.

Ба гузориши сомонаи Спутник, гуфта мешавад, ки ин афрод бо вуҷӯд дарёфти эҳзорияи худро ба идораҳои ҳарбӣ, муаррифӣ накарданд.

Бар асоси қавонини додгустарии Тоҷикистон афроде, ки аз рафтан ба хизмати ҳарбӣ саркашӣ кунанд ба 2 сол зиндон ё пардохти 30 то 60 ҳазор сомонӣ ҷаримаи молӣ маҳкӯм хоҳанд шуд. Дар Тоҷикистон ҳар сол дар фасли баҳор ва тирамоҳ ҷавонони болои 18 сол барои хизматиҳарбӣ дар нерӯҳои мусаллаҳи кишвар фарохон мешаванд.

Аммо ахиран бо тасвиби қонӯни ҷадид дар Тоҷикистон заминаи хариди хидмати сарбозӣ фароҳам шуд, ки бо пардохти 25 ҳазору 500 сомонӣ метавон корти муъофият дарёфт кард.

Полковник Фариддун Муҳаммадализода, сухангӯи вазорати Дифои Тоҷикистон низ гуфт, 83 дарсад аз барномаи даъвати ҷавонон барои анҷоми хизмати сарбозӣ дар кишвар иҷро шудааст.

Бештар бихонед:

 

Барчасп