Баргузории вебинари байналмилалии «Хонаи дил» ба муносибати ҳаштодумин солгарди таваллуди шоири тоҷик
(last modified Wed, 01 Dec 2021 12:13:32 GMT )
Декабр 01, 2021 17:13 Asia/Dushanbe
  • Баргузории вебинари байналмилалии «Хонаи дил» ба муносибати ҳаштодумин солгарди таваллуди шоири тоҷик

Ба муносибати ҳаштодумин солгарди таваллуди Лоиқ Шералӣ, шоири тоҷик нишасти маҷозии байналмилалӣ бо номи «Хонаи дил» дар Муассисаи фарҳангии ЭКО баргузор мешавад.

Дар ин нишаст, ки сешанбе, 7 декабри соли ҷорӣ, соати 15: 30 ба вақти Душанбе, ба сурати зинда пахш мешавад, Хусрав Нозирӣ, дабири кулли Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ, Низомиаддин Зоҳидӣ, сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон, Сарвар Бахтӣ, раиси Муассисаи фарҳангии ЭКО, Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил, раиси Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ, Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Эрон дар Душанбе, Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ, устоди Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад, Сарвар Мавлоӣ, узви пайвастаи Фарҳангистони забони адаби форсии Эрон (аз Афғонистон), Одил Икромӣ, мутарҷим ва шоири узбакзабон ва Абдулҳақ Набавӣ, донишманди тоҷик дар мавриди шахсияти фарҳангӣ ва осори Лоиқ Шералӣ суханронӣ мекунанд.

Алоқамандон метавонанд барои ширкати маҷозӣ дар ин вебинар ба нишонаи https://webinar.ecieco.org/ch/loiq муроҷиа кунанд.

Дар ин нишаст ҳамчунин таронаҳое баргирифта аз ашъори Лоиқ Шералӣ, ашъору аксҳои вай рӯнамоӣ ва муаррифӣ мешаванд.

Лоиқ Шералӣ зодаи 20 майи 1941 (30 урдибиҳишти 1320) дар деҳаи Мазори Шарифи Панҷакент, даргузаштаи 30 июни 2000 (10 тири 1379 дар шаҳри Душанбе), аз шоирони муосири Тоҷикистон аст.

Ӯ аз соли 1991 то рӯзҳои охири умраш раиси Бунёди байналмилалии забони форсии тоҷикӣ будааст.

Лоиқ Шералӣ 30 июни соли 2000 соати 12 бар асари бемории свктаи мағзӣ фавт кард ва пайкараш дар оромгоҳи Лучоби шаҳри Душанбе ба хок супурда шуд.