Декабр 03, 2021 21:34 Asia/Dushanbe
  • Тағйири муқаррароти вуруди дипломатҳои Тоҷикистон ба Қирғизистон

Ҳукумати Қирғизистон муқаррароти нави вуруди дипломатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзои хонаводаҳои ононро амалӣ кард.

Ба гузориши сомонаи “Тоҷ Вик”, акнун дипломатҳои Тоҷикистон ва аъзои хонаводаҳои онон ва тоҷикҳое, ки дар созмонҳои байналмилалӣ дар дохили Қирғизистон фаъолият мекунанд, метавонанд бо гузарнома (шиносномаи хориҷӣ)-и сиёсӣ ва хидматӣ вориди ин кишвар шаванд.

Дар ин муқаррарот, ки ба имзои Оқилбек Ҷабборов, нахуствазири Қирғизистон расид, таъкид мешавад: Вуруду хуруҷи дипломатҳои Тоҷикистон ва аъзои хонаводаҳои онон, тоҷикҳое, ки дар созмонҳои байналмилалӣ дар дохили Қирғизистон фаъолият мекунанд, донишҷӯён ва устодони тоҷик танҳо бо доштани гузарнома (шиносномаи хориҷӣ)-и сиёсӣ ва хидматӣ ва таъйиди расмии сабти номи онон дар Вазорати умури хориҷаи Қирғизистон, имконпазир хоҳад буд.

Қаблан барои ин кортҳо, иттилоъ додан ба Вазорати умури хориҷаи Қирғизистон кофӣ буд.

Ҳамчунин донишҷӯёни тоҷик, ки дар донишгоҳҳои Қирғизистон таҳсил мекунанд, муваззаф мешаванд аз қабл муҷаввизи Вазорати улум ва маорифи ин кишвар ва хадамоти марзбониро дарёфт ва ҳангоми вуруд ба Қирғизистон ироа кунанд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп